Машварати президент бо фаъолони вилояти Хатлон

Date:


Дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба ноҳияи Данғара президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадмоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат мавзӯи омодагӣ ба зимистон, масоили вобаста ба он ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуд.

Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз пешгӯиҳои обуҳавосанҷон доир ба он, ки имсол низ сардиҳои тирамоҳу зимистон чун соли гузашта барвақт омада, хеле тӯл мекашад, масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба омодагии ҷиддӣ ба мавсими сардмоҳ ҳидоят намуд.

Дар машварат ҳамчунин ахбори раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки то охири сол дар вилоят шумораи корхонаҳои хурди саноатии ҳамин сол бунёдёфта ба зиёда аз 110 адад мерасад. Дар се соли охир дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 19 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфта, ҳаҷми умумии он ба 40 ҳазор га расидааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол дар вилояти Хатлон бояд 280-300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад ва ин, ба гуфти раиси вилоят, ҳосили хуб аст.

Дар ахбори раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев зикр гардид, ки имсол дар ноҳия зиёда аз 105 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозор омода шудааст. Ҳоло дар ноҳия ҳамчунин беш аз 10 ҳазор тонна ғаллаи хушсифати тухмӣ омода аст, ки наздики 5 ҳазор тоннаи он аз ҳосили имсола мебошад. Таъкид гардид, ки ноҳияи Данғара чун калонтарин ноҳияи ғаллакор ва дорои заминҳои беканор омода аст, ки дар таъмини фаровонии ғалладонагиҳо, орду гандум, ғаллаи хушсифати тухмӣ ва ҳам хӯроки дурушти чорво дар ҷумҳурӣ нақши намоён гузорад. Зикр гардид, ки имсол ноҳияи Данғара барои ду сол миқдори зарурии хӯроки чорво захира намуда, ҳамчунин то имрӯз зиёда аз 30 ҳазор тонна хасу хошок ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба фурӯш баровардааст. Ҷамъоварӣ, захира ва фурӯши хӯроки чорво дар ин ноҳия ҳоло ҳам идома дорад.

Дар фароварди машварат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан бо нашамандию нашаҷаллобӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related