Директори дастаи футболи Хуҷанд» 5 сол аз фаъолият дар футбол маҳрум шуд

Бо қарори кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон директори дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Марофиев ба муддати панҷ сол аз машғул шудан ба фаъолият дар соҳаи футбол маҳрум карда шуд. Бино ба иттилои ФФТ, ҳангоми вохӯрии даври 15-уми мусобиқоти Лигаи олӣ оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр»-и Ваҳдат Ҷ.Марофиев довари паҳлӯи майдон […]


Бо қарори кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон директори дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Марофиев ба муддати панҷ сол аз машғул шудан ба фаъолият дар соҳаи футбол маҳрум карда шуд.

Бино ба иттилои ФФТ, ҳангоми вохӯрии даври 15-уми мусобиқоти Лигаи олӣ оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр»-и Ваҳдат Ҷ.Марофиев довари паҳлӯи майдон Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппаро бо мушт ба қафаси синааш задааст.

Бо қарори кумитаи номбурдаи ФФТ, барои чандин маротиба риоя накардани регламенти баргузории мусобиқот, лату кӯби дастаи доварон ва таҳдид ба онҳо Ҷамшед Марофиев ба муддати панҷ сол аз фаъолият дар соҳаи футбол дар қаламрави Тоҷикистон маҳрум гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз раиси вилояти Суғд ва роҳбари Федератсияи футболи вилоят Қоҳир Расулзода дархост намуд, ки ба барканор кардани Ҷамшед Марофиев аз мақоми директори дастаи футболи Хуҷанд мусоидат намояд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.