Пирӯзии дастаи футболи наврасон бар тими Белорус

Дар бозии охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (то 17-сола) бо ҳисоби 2 бар 1 ба ҳамсолони худ аз дастаи Белорус пирӯз гардида, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ футболбози дастаи «Регар-ТадАЗ» Комрон Турсунов ду маротиби ба ворид сохтани […]


Дар бозии охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (то 17-сола) бо ҳисоби 2 бар 1 ба ҳамсолони худ аз дастаи Белорус пирӯз гардида, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ футболбози дастаи «Регар-ТадАЗ» Комрон Турсунов ду маротиби ба ворид сохтани тӯб ба дарвозаи ҳариф ноил гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик аз дастаи Украина бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрда, бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омада буданд.

Пагох, 27-уми сентябр, футболбозони навраси тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо ҳамсолони худ аз Туркманистон қувваозмоӣ мекунанд. Дар бозии ниманиҳоии дигар дастаҳои Русияву Украина вомехӯранд.

Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ интизор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.