Гуфтушуниди раиси Маҷлиси миллӣ бо ҳайати парлумони Чехия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати сенаторони Чехияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Сенати Чехия оид ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ Мирослав Антл ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, М.Убайдуллоев меҳмононро бо сохтори Маҷлиси миллӣ ва фаъолияти он ошно сохта, изҳори боварӣ намуд, […]


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати сенаторони Чехияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Сенати Чехия оид ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ Мирослав Антл ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, М.Убайдуллоев меҳмононро бо сохтори Маҷлиси миллӣ ва фаъолияти он ошно сохта, изҳори боварӣ намуд, ки сафари кории сенаторони чех ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот М.Антл таъкид кард, ки ҳадафи асосӣ аз сафар ба Тоҷикистон роҳандозӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо аст.

«Ҳамасола равуои сайёҳони Чехия ба Тоҷикистон рӯ ба афзоши буда, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ оимли наздикшавии мардуми кишварҳо хоҳад буд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин атрофи вазъи Афғонистон табодули назар сурат гирифта, масъалаи таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои кишварҳо матраҳ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.