Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо муовини котиби давлатии ИМА ва Оғохони IV

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, Роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, Мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ […]


Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, Роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, Мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор доир гашт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар минтақа дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, тиҷорат, обу энергетика ва пружаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 Ҷонибҳо дар ҳошияи мулоқот инчунин дар мавриди дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, сармоягузории пружаҳои инфрасохторӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттуҳидаи Америка оид ба масъалаҳои сиёсӣ Венди Шерман доир шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни суҳбат мубоҳисон дар мавриди дурнамои вазъият дар минтақа баъд аз соли 2014 мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтор ва вусъат додани ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд. Имконияту роҳҳои ҷалби Афғонистон дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат ва дигар низ дар ҷараёни мулоқот матраҳ гардиданд.

Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Шоҳзода Карим Оғохони IV масоили марбут ба татбиқ ва дурнамои барномаю лоиҳаҳои Шабакаи Рушди Оғохон дар Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.