Вазорати энергетикаи Русия дар як нома ба Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар бораи ба вуҷуд омадани вазъи имконпазири камбуди бензин огоҳ кардааст, зеро таъмири нақшавии 45-рӯза дар як қатор корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар метавонад ба коҳиши содироти маводи сӯзишворӣ ба хориҷи мамлакат боис гардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар дод, ин ҷо сухан сари маърӯзаи вазири энергетикаи Русия дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба комплексӣ маводи сӯзишворӣ ва энергетикӣ меравад, ки дар он ӯ изҳор кардааст, ки дар кишвар бинобар афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ ва боздоштани фаъолияти як қатор корхонаҳои коркарди нафт ба иллати таъмир, метавонад вазъи камбуди бензин ба вуҷуд ояд.
«Аммо мо бовар дорем, ки ин камбуд ба мо таъсиргузор нахоҳад буд, зеро дар миқёси Русия Тоҷикистон аз ин кишвар ба андозаи начандон зиёд маводи сӯзишворӣ дастрас мекунад. Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бензин ва дигар навъи маводи сӯзишвориро ба таври кофӣ захира намуда, бозорро муътадилу устувор нигоҳ хоҳанд дошт», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо такя ба маълумоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар моҳҳои октябр ва ноябр камбуди бензин дар Русия 400 ҳазор тонна ё худ 15% аз истеъмоли моҳонаи Русия арзёбӣ мешавад.
Вазорати энергетикаи Русия дастур додааст, ки дар ин давра ширкатҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ бояд ҳаҷми содироти бензинро бо шумули таъмини нуқтаҳои фурӯши худ ба хориҷи кишвар коҳиш диҳанд, аммо ширкатҳои бузург гуфтаанд, ба камбуди маводи сӯзишворӣ роҳ нахоҳанд дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори Русия шурӯъ аз оғози сол қимати бензин дар кишвар ба андозаи 3,2% боло рафтааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, тайи ду ҳафтаи ахир, қимати бензин тағйир наёфта, дар сатҳи 6,5 сомонӣ (1,5$) барои як литр бензини навъи АИ-92 ва 6,70 сомонӣ (1,7$) барои як литр бензини навъи АИ-95 боқӣ мондааст.



