Дархости падари Ҳ.Икромзода аз президент оид ба ҷазо додани гунаҳкорони марги писараш

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки дар муассисаи ислоҳотӣ ба ҳалокат расид, ҷазо додани гунаҳкорони марги писарашро талаб кард. «Аз замоне, ки ҷасади бераҳмона кушташудаи писарамро ба манзиламон оварданд, ҳеҷ намояндае аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри изҳори ҳамдардӣ наомад. Наход танҳо журналистони васоити ахбори умуми мустақил бояд аз ҳолу аҳволи мо пурсанд? Миннатдорам, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки дар муассисаи ислоҳотӣ ба ҳалокат расид, ҷазо додани гунаҳкорони марги писарашро талаб кард.

«Аз замоне, ки ҷасади бераҳмона кушташудаи писарамро ба манзиламон оварданд, ҳеҷ намояндае аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри изҳори ҳамдардӣ наомад. Наход танҳо журналистони васоити ахбори умуми мустақил бояд аз ҳолу аҳволи мо пурсанд? Миннатдорам, ки онҳо дар мусибат моро танҳо намегузоранду аз ин ҳодисаҳо президенти Тоҷикистон ва шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ месозанд», – изҳор кард ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Файзалӣ Икромов.

Ӯ ҳамчунин тавассути ВАО ба президенти кишвар муроҷиат намуда, аз ӯ дархост менамояд, ки гунаҳкорони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Мо комилан ба боадолатии президент бовар дошта, мутмаинем, ки ӯ мо, волидайни марҳумро аз умеди охирини бе ҷазо нагузоштани гунаҳкорон маҳрум нахоҳад кард», – гуфт вай.

Падари марҳум ҳамчунин мутмаин аст, ки дар бадани Ҳамза Икромзода изҳои гуногуни осеби ҷисмонӣ, аз ҷумла, доғҳои сӯхта дар қисмати қабурғаҳо, пушт, гардан, доғҳои кабуд дар шонаю пойҳо ва осебҳои сар баръало намудор будааст. «Ҳамаи сокинони деҳа шоҳид буданд, ки ҷасади писари ман то кадом андоза маъюбу маслуқ шуда буд. Ман бовар надорам, ки чунин осори сӯхта аз зарфҳои оби гарм пайдо шуда бошанд. Дасту пойҳои ӯ шикаста буданд. Дар дастонаш изҳои ресмон боқӣ монда, ҳувайдо буд, ки ӯро бастаанд. Онҳо дурӯғ гуфта, худро бегуноҳ нишон доданианд», – мегӯяд Файзалӣ Икромов.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Баҳром Абдулҳақов дар сӯҳбат бо Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» қазияи фавти Икромовро чунин шарҳ дода буд: «Бегоҳирӯзии 20-уми сентябр корманди муассиса, ки пайваста биноро назорат мекард, Икромовро ба куртаи худ овехта дар панҷараҳои болои дар меёбад. Корманди муассиса дарҳол бонги хатар мезанад ва дар ҷойи ҳодиса кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, табибон, маъмурияти муассиса ва кормандони прокуратура ҳозир шуда, саъй меварзанд, ки аз тамоми имконот барои наҷоти ӯ истифода кунанд. Ба қавли Абдулҳақов, бо тавсияи табибон ба ҳама қисматҳои бадани маҳкумшуда, аз ҷумла, ба зери бағал, пойҳо ва сари ӯ зарфҳои оби гарм гузошта мешавад. Муддати ним соат табибон баҳри наҷоти ӯ кӯшиш ба харҷ дода, се маротиба тавассути зарбафкани барқӣ дили ӯро ба кор дароварданӣ мешаванд. Абдулҳақов мегӯяд, ки доғҳои қафаси синаи ӯ аз истифодаи зарбафкани барқӣ пайдо шудааст».

Номбурда зикр карда буд, ки айни замон аз рӯйи ин далел мақомоти прокуратура оид ба назорати муассисаҳои ислоҳӣ санҷиш мегузаронанд. «Пас аз дастрас шудани натиҷаҳои санҷиш, дар бораи сабаби марг ва дар ҷаримахонаи зиндон қарор доштани Икромзода маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад гардид», – изҳор дошта буд Б.Абдулҳақов.

Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам гардида буд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.


Дар акс Ҳамза Икромзода (акс аз радиои Озодӣ). 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.