Зойиров: Мавқеи Русия оид ба Иттиҳоди гумрукиро дастгирӣ мебояд

Раиси ТҶ «Консорсиуми юридикии Тоҷикистон» ва пешвои Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки мавқеи Русия оид ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ дастгирии ҳамаҷониба аз сӯйи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозо дорад. «Русия бо ин иқдом рушди иқтисод дар давраи дарозмуҳлатро дар назар дорад ва ӯро дастгирӣ мебояд, зеро ин нияти Русия […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси ТҶ «Консорсиуми юридикии Тоҷикистон» ва пешвои Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки мавқеи Русия оид ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ дастгирии ҳамаҷониба аз сӯйи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозо дорад.

«Русия бо ин иқдом рушди иқтисод дар давраи дарозмуҳлатро дар назар дорад ва ӯро дастгирӣ мебояд, зеро ин нияти Русия ба манфиатҳои миллии тамоми кишварҳои узви ИДМ ҷавобгӯ аст», – изҳор кард ӯ дар ҷараёни кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе.

Ӯ бо андешаи аз таъсиси ин итттиҳод манфиат ба даст овардани Русия розӣ набуда, чунин ибрози назар намуд, ки муддати чанд соли фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ Русия ҳеҷ нафъе ба даст наоварда, танҳо маблағҳои муайяни молиявӣ масраф намуд.

Раиси ҲУСДТ мутмаин аст, ки Иттиҳоди гумрукӣ имрӯз барои иқтисод ва оянда баҳри рушди иқтисодиву ҳуқуқии кишвар зарур аст.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин гуфт, барои узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳукуматдорони Тоҷикистонро зарур аст, тафовут миёни Кодекси гумруки Тоҷикистон ва Кодекси Иттиҳоди гумрукиро бартараф созанд, зеро «60%-и меъёрҳои ин кодексҳо ба ҳамдигар мутобиқат надоранд».

«Агар Тоҷикистон дарвоқеъ ҳам ҷонибдори узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ бошад, пас мебояд қонунгузории кишварро ба талаботи ин иттиҳод мутобиқ кард ва инро то узвият ба иттиҳод мебояд анҷом дод, зеро пас аз ба узвият пазируфта шудан, кори зиёдтаре талаб карда мешавад», – афзуд Р.Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.