Идомаи кӯмаки ИМА ба марзбонони Тоҷикистон

Чанде қабл дар бинои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии сафорати ИМА дастгоҳҳои коммуникатсиониро ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон супорид. Дар чорабинии мазкур генерал-майор Шараф Файзуллоев, полковник Солех Шехов ва майор Зариф Ҳакимов ширкат варзиданд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, подполковник […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар бинои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии сафорати ИМА дастгоҳҳои коммуникатсиониро ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон супорид. Дар чорабинии мазкур генерал-майор Шараф Файзуллоев, полковник Солех Шехов ва майор Зариф Ҳакимов ширкат варзиданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, подполковник Джон Фрейвел иброз дошт: “Бароямон боиси хурсандист, ки қобилем  ба  қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар беҳтар намудани имкониятҳои коммуникатсионии он кӯмак расонем.   Мо умедворем, ки  ин таҷҳизот дар таъмини амнияти марзбонон, ки баҳри бехатарии Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд,саҳми арзанда мегузорад.

Хайрияи мазкури Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳиТоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992  мардуми Амрико зиёда аз 984 миллион доллари амрикоиро барои  барномаҳое, ки соҳаҳои маориф,  тандурустӣ,  институтҳои демократӣ ва рушди иқтисоди  Тоҷикистонро,  дастгирӣ мекунанд, ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.