Боздошти парвози ҳавопаймоҳо ба чанде аз хатсайрҳо дар «Тоҷик Эйр»

spot_imgspot_img

Дата:


Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо якбора ба се хатсайри нав – Деҳлӣ (Ҳиндустон), Исломобод (Покистон) ва Боку (Озарбойҷонро) мутаваққиф сохт. Ин хатсайрҳои нав соли равон ифтитоҳ шуда буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сабаби мутаваққиф сохтани павози ҳавопаймо ба ин самтҳо мавҷуд набудани мусофирони хоҳишманд ба парвоз ба ин кишварҳо будааст.

«Интизорӣ меравад, ки ҳафтаи оянда мо парвози ҳавопаймоҳо ба Деҳлиро барқарор мекунем, вале ҳоло маълум нест, ки ба ин самт ба чӣ миқдор билетҳо ба фурӯш рафтаанд. Алҳол дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ фурӯши билет ба самтҳои Исломободу Боку боздошта шуд», – гуфт манбаъ.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе низ манъи фурӯши билетҳо ба ин самтҳоро тасдиқ намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Хуҷанду Хоруғ дар дохили кишвар ва шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ аз қабили Бишкек, Алмаато, 8 шаҳри Русия, Теҳрон, Машҳад (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Шарҷа (АМА)-ро анҷом медиҳад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...