Стипендияи шаҳрдории Душанбе ба 84 нафар варзишгарони пойтахт

Дар Душанбе аз озмуни моҳи март эълоншудаи дарёфти стипендияи мақомоти шаҳрдории пойтахт миёни варзишгарони шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, бо қарори комиссияи махсус, дар номинатсияи «Стипендияи дараҷаи 1 аз рӯйи варзиши намудҳои олимпӣ» дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, чемпиони Осиё Анвар Юнусов ғолиб […]

Аваз Юдошев


Дар Душанбе аз озмуни моҳи март эълоншудаи дарёфти стипендияи мақомоти шаҳрдории пойтахт миёни варзишгарони шаҳри Душанбе натиҷагирӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, бо қарори комиссияи махсус, дар номинатсияи «Стипендияи дараҷаи 1 аз рӯйи варзиши намудҳои олимпӣ» дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, чемпиони Осиё Анвар Юнусов ғолиб дониста шуда, мудатти панҷ моҳи минбаъда ба ӯ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ идрорпулӣ пардохта мешавад. Дар ин номинатсия мақоми дуюм ба касе сазовор дониста нашуда, ҷойи сеюм ва идрорпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ муддати панҷ моҳ ба дорандаи Ҷоми Осиё оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров таъин шуд.

Дар номинатсияи «Стипендияи дараҷаи 2 аз рӯйи варзиши намудҳои ғайриолимпӣ» ба мақоми аввал чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини кураш Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, чемпионҳои ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов ва Сулаймон Сулаймонов, чемпиони ҷаҳон оид ба каратэ-до Бадриддин Умедов, чемпионҳои ҷаҳон оид ба таэквон-до Далер Тюряев ва Сабина Тағойназарова, чемпиони Осиё оид ба яккаҳарбӣ Айёмиддин Муҳамадраҷаб ва чемпиони Осиё оид ба зӯрхона Саидмаҳмуд Замиров сазовор дониста шуданд. Онҳо муддати панҷ моҳ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ 700 сомонӣ идрорпулӣ хоҳанд гирифт.

Ғайр аз ин, бо қарори комиссия, барои дастовардҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ 8 нафар дар ҳаҷми 600 сомонӣ, 9 варзишгар – 500 сомонӣ ва боз 57 нафар варзишгарони дигари пойтахт бо 450 сомонӣ идрорпулӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ 84 нафар варзишгарон ба дарёфти стипендияи мақомоти шаҳрдории Душанбе нолил гардида, барои пардохти он аз буҷети шаҳр дар ҳаҷми 211 ҳазору 750 сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.