Боздошти парвози ҳавопаймоҳо ба чанде аз хатсайрҳо дар «Тоҷик Эйр»

Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо якбора ба се хатсайри нав – Деҳлӣ (Ҳиндустон), Исломобод (Покистон) ва Боку (Озарбойҷонро) мутаваққиф сохт. Ин хатсайрҳои нав соли равон ифтитоҳ шуда буданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сабаби мутаваққиф сохтани павози ҳавопаймо ба ин самтҳо мавҷуд набудани мусофирони хоҳишманд ба парвоз ба ин […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо якбора ба се хатсайри нав – Деҳлӣ (Ҳиндустон), Исломобод (Покистон) ва Боку (Озарбойҷонро) мутаваққиф сохт. Ин хатсайрҳои нав соли равон ифтитоҳ шуда буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сабаби мутаваққиф сохтани павози ҳавопаймо ба ин самтҳо мавҷуд набудани мусофирони хоҳишманд ба парвоз ба ин кишварҳо будааст.

«Интизорӣ меравад, ки ҳафтаи оянда мо парвози ҳавопаймоҳо ба Деҳлиро барқарор мекунем, вале ҳоло маълум нест, ки ба ин самт ба чӣ миқдор билетҳо ба фурӯш рафтаанд. Алҳол дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ фурӯши билет ба самтҳои Исломободу Боку боздошта шуд», – гуфт манбаъ.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе низ манъи фурӯши билетҳо ба ин самтҳоро тасдиқ намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Хуҷанду Хоруғ дар дохили кишвар ва шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ аз қабили Бишкек, Алмаато, 8 шаҳри Русия, Теҳрон, Машҳад (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Шарҷа (АМА)-ро анҷом медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.