Мизи гирд дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуди фаъолияти он»

Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар ш. Маскав ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» […]


Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар ш. Маскав ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» байни хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти умумии №49 -и шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир гардид.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мизи мудаввар сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  Эшбоев А., намояндаи Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ)  Авезов У., намояндаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ Федератсияи Россия дар шаҳри Масква Азизов Ҷ. ва намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат бо мактаббачагон нахуст сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ А.Қодирӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, шуғли аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ, таъсиси Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳои он, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилона, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ ва таълими касбии онҳо сӯҳбат намуд.

Дар навбати худ намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Авезов Улуғбек дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолиятҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон диск ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат бо мактаббачагон,  намояндаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар шаҳри Масква  Азизов Ҷонибек доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия, мушкилот ва праблемаҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози андеша намуд.

Дар анҷоми мулоқот оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, қонуну қарорҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, одобу русум ва фарҳанги кишвари қабулкунанда гуфтугӯҳои судманд сурат гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар мизи мудаввар наздики 200 нафар аз талабагон иштирок доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.