Бунгоҳи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои Конибодом

Date:


Дар шаҳраки Дӯстии ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, аз ҳисоби буҷети шаҳр сохтмони як бунгоҳи нави тиббӣ ба итмом расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, муассисаи нави тиббӣ дар бинои дуошёнаи собиқ Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Патар» воқеъ буда, таъмиру азнавсозӣ шудааст ва дорои 35 кат мебошад.

Муассисаи тиббӣ аз шуъбаҳои табобати кӯдакону калонсолон, таваллудхона ва кабинетҳои физиотерапевтиву озмоишгоҳ иборат аст, ки бо таҷҳизоти муассири зарурӣ таъминанд.

Раёсати тандурустии вилоят ин муассисаро бо дастгоҳҳои ЭКГ, дефибриллятор, 2 адад катҳои махсус барои таваллуд ва дастгоҳу таҷҳизот барои озмоишгоҳ таъмин намуд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи тибби мазкур аксари мушкилоти марбут ба солимии аҳолии ҷамоат ҳал шуда, акнун сокинони маҳалро зарур намеояд, ки барои табобат ба беморхонаҳои шаҳриву вилоятӣ роҳ пеш гиранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...