Даъвои ҲНИТ нисбати Прокуратураи генералӣ қонеъ нашуд

Date:


Ҳайати мушовараи кассатсионии суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Синои пойтахтро бетағйир боқӣ гузошта, шикояти кассатсионии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ накард.

Ёдрас мекунем, ки ҲНИТ аз болои қарори суди ноҳияи Сино дар бораи қонеъ насохтани шикояти ҳизб дар бораи эътирофи ғайриқонунӣ будани баргузории санҷиши фаъолияти ҳизб аз ҷониби Прокуратураи генералӣ шикоят бурда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҲНИТ Шуҳрат Қудратов хабар дод, зинаи бознигарии судӣ ба амалҳои прокуратура, ки аз доираи салоҳияташон берун буд, баҳои ҳуқуқӣ надод. «Ин санҷиш мухолифи меъёр ва қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифта, ба қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон» мутобиқат намекунад», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки, онҳо аз чунин қарори зинаи бознигарӣ розӣ набуда, пас аз гирифтани нусхаи қарор ва баррасии масъалаи мазкур бо мақомоти раҳбарии ҲНИТ, ҷиҳати муроҷиат ба зинаи болоӣ тасмим хоҳанд гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...