Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Чин

Дата:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ба муносибати солгарди эълон шудани Чумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Дар барқия зикр мегардад, ки давлати Чин тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор буда, ҳамеша ҷонибдори тамини амнияту суботи ҷаҳон аст.

«Тоҷикистон, чун ҳамсояи наздиктарини Чин, ки онро ҳазорҳо риштаҳои дӯстӣ бо ин кишвар пайваст менамоянд, ба ин дастовардҳо ҳамеша бо шавқу ҳаваси самимона назар мекунад, – баён мегардад дар барқия. – Мо анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии ҳақиқии нек, ҳисси самимонаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷӯҳ нисбат ба якдигарро, ки халқҳоямонро бо риштаҳои канданашаванда пайваст менамоянд, қадр мекунем ва чун пештара ҷонибдори нигоҳ доштан ва афзун намудани ин анъанаҳои нек мебошем.

Дар барқия таъкид мегардад, ки Тоҷикистон аз вазъияти неки муносибатҳои дуҷониба ҳам дар бахши сиёсӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодию гуманитарӣ ва, албатта, аз рушди босуръати мушорикати мутақобилан муфид, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии ҳар ду халқ ва умуман минтақа мебошанд, басо қаноатманд аст. «Мо худи имрӯз ҳам метавонем, самараҳои сершумори ин ҳамкориро намоиш диҳем», – омадааст дар барқия.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное