Прокуратураи генералӣ сабабҳои марги маҳбусро таҳқиқ мекунад

Date:


Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрои ҷазои Прокуратураи генералии ҶТ Раҳматулло Холов ба наздикони Ҳамза Икромзода, ки дар зиндон бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум ба ҳалокат расид, изҳор доштааст, ки сабабҳои марги маҳбус дақиқона мавриди санҷиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҳатман ҷазо дода мешаванд.

Наздикони Ҳамза Икромзода дар назди бинои Прокуратураи генералӣ ҷамъ омада, ба прокурори генералӣ муроҷиат карданӣ шудаанд. Аризаи онҳоро Раҳматулло Холов қабул намуда, изҳор доштааст, ки чанде қабл дар робита ба ин масъала машварати таъҷилӣ доир гардида, ӯ бевосита вазифадор шудааст, ки сабабҳои марги Ҳ.Икромзодаро мӯшикофона таҳқиқ намояд.

Қаблан сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард,ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳотиии №1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад.

Дар робита ба ин қазия модари маҳбуси ҳалокшуда чунин изҳор кард: «Қотилони писари ман маълуманд. Инҳо Рустам Тоштемиров ва чанде аз кормандони муассисаи ислоҳотӣ мебошанд. Маҳбусони муассиса ба ин шоҳиданд ва агар онҳо моро аз ин ҳодиса хабардор намекарданд, шояд мо ҷисми ӯро ҳам намедидем. Тоштемиров моро аз марги писарамон огоҳ накарда, ҳатто ба маросими дафнаш наомад. Мегӯянд, ки ӯ худро ба куртааш овехта, ҳалок шуд, вале дар гардану дастони ӯ осори захмҳои сим аён буд».

Модари Икромзода мегӯяд, то гунаҳкорони марги писарашро ҷазо надиҳанд, ӯ ором нахоҳад буд. «Рустам Тоштемировро аз мансаб сабукдӯш мекунанд ва ӯ ҷойи дигаре боз кор меёбад. Гунаҳкорон бояд аз рӯйи қонун ҷазо дода шаванд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.

Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам гардида буд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...