Суғд: Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиёт

spot_imgspot_img

Дата:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт 6 тан ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ автомашинаи тамғаи «BMW» таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Умаров ба автомашнаи боркаши КАМАЗ бархӯрда, дар натиҷа ронандаи автомашинаи сабукрав ва мусофирони он – Нусрат Давронови 32-сола ва Зарнисор Темирови 17-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Дар садамаи дигар дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров боз як нафар фавтид. Дар ин садама автомашинаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 25-солаи ин ноҳияи Ҳотам Холматов аввал ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи сокини 22-солаи вилояти Ботканди Қирғизистон Шерзод Бобораҳимов ва сипас ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи Ҳалим Саидмуродови 41-сола бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел» ва мусофири он ҷароҳат бардоштаанд. «Мусофири «Мерседес» Ғулом Нишонов дар бемористон ба ҳалокат расида, ронандаву мусофирони «БМВ» осеб надидаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Бино ба маълумоти Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷуммҳурӣ 207 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 222 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 97 нафар ҳалок (соли 201 – 104 нафар) ва 218 тан (соли 2011 – 225 тан) ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...