Бозори сӯхтаи «Корвон» пурра барқарор шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Айни замон бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки аввали моҳи сентябр бар асари сӯхтор хароб гардида буд, қариб пурра барқарор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори мазкур Нуршед Машрабов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, муддати ду-се рӯзи наздик комиссияи махсус омодагии бозор ба қабули тоҷирону харидоронро санҷида, ба фаъолияти минбаъдаи он иҷозат медиҳад.

«Чанде қабл вакилони маҷлиси пойтахт аз бозор боздид намуда, эроди онҳо нисбати камбудиҳо фавран бартараф гардиданд», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Сарраёсати хадамот оташнишонии ВКД Тоҷикистон иттилоъ дод, ки натоиҷи ташхиси сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори «Корвон» рӯзҳои наздик пешкаши ҳамагон мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, майдони беш аз 5 ҳазор метрро оташ фаро гирифт. Бино ба маълумоти ВКД, бар асари сӯхтор як нафар ҳалок ва 4 тан ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.

Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...