Бозори сӯхтаи «Корвон» пурра барқарор шуд

Айни замон бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки аввали моҳи сентябр бар асари сӯхтор хароб гардида буд, қариб пурра барқарор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори мазкур Нуршед Машрабов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, муддати ду-се рӯзи наздик комиссияи махсус омодагии бозор ба қабули тоҷирону харидоронро санҷида, ба фаъолияти минбаъдаи он иҷозат медиҳад. […]


Айни замон бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки аввали моҳи сентябр бар асари сӯхтор хароб гардида буд, қариб пурра барқарор шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори мазкур Нуршед Машрабов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, муддати ду-се рӯзи наздик комиссияи махсус омодагии бозор ба қабули тоҷирону харидоронро санҷида, ба фаъолияти минбаъдаи он иҷозат медиҳад.

«Чанде қабл вакилони маҷлиси пойтахт аз бозор боздид намуда, эроди онҳо нисбати камбудиҳо фавран бартараф гардиданд», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Сарраёсати хадамот оташнишонии ВКД Тоҷикистон иттилоъ дод, ки натоиҷи ташхиси сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори «Корвон» рӯзҳои наздик пешкаши ҳамагон мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, майдони беш аз 5 ҳазор метрро оташ фаро гирифт. Бино ба маълумоти ВКД, бар асари сӯхтор як нафар ҳалок ва 4 тан ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.

Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.