Директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Алишер Рустамов аз мансаб барканор шуд. Ӯ муддати ду соли ахир ин ширкатро сарварӣ мекард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, Алишер Рустамов муовини аввали директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин гардид.
Ба қавли котиби матбуотии фурудгоҳ, Алишер Рустамов муддати зиёда аз 26 сол дар бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон фаъолият намуда, худро ҳамчун мутахассис ва роҳбари хуб зоҳир кард.
Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», соҳибмулкони ширкати «Сомон Эйр» ба вазифаи роҳбарии ширкат як мутахассис аз хориҷи кишврро даъват карданианд ва аз Британияи Кабир даъват шудани чунин мутахассис аз эҳтимол дур нест. Ин мутахассиси бритониёӣ қаблан ширкати «Эйр Остона»-ро сарварӣ мекардааст. Ӯ қаблан аз Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти ширкати «Сомон Эйр» аз наздик шинос шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон ширкат дорои 6 ҳавопаймо – ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.
Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.



