Роҳбари ширкати «Сомон Эйр» аз мансаб барканор шуд

Директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Алишер Рустамов аз мансаб барканор шуд. Ӯ муддати ду соли ахир ин ширкатро сарварӣ мекард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, Алишер Рустамов муовини аввали директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин гардид. Ба қавли котиби матбуотии фурудгоҳ, Алишер Рустамов муддати […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Алишер Рустамов аз мансаб барканор шуд. Ӯ муддати ду соли ахир ин ширкатро сарварӣ мекард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, Алишер Рустамов муовини аввали директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин гардид.

Ба қавли котиби матбуотии фурудгоҳ, Алишер Рустамов муддати зиёда аз 26 сол дар бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон фаъолият намуда, худро ҳамчун мутахассис ва роҳбари хуб зоҳир кард.

Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», соҳибмулкони ширкати «Сомон Эйр» ба вазифаи роҳбарии ширкат як мутахассис аз хориҷи кишврро даъват карданианд ва аз Британияи Кабир даъват шудани чунин мутахассис аз эҳтимол дур нест. Ин мутахассиси бритониёӣ қаблан ширкати «Эйр Остона»-ро сарварӣ мекардааст. Ӯ қаблан аз Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти ширкати «Сомон Эйр» аз наздик шинос шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон ширкат дорои 6 ҳавопаймо – ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.

Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.