Ҷаласаи роҳбарони Бонкҳои марказии кишварҳои ЕврАзЭС дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кор шурӯъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов хабар дод, дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва […]


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кор шурӯъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов хабар дод, дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Бонки байнидавлатӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар рафти ҷаласа вазъи низоми пардохт ва идораи захираҳои байналмилалии давлатҳои аъзо, қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди номбурда дар мавриди масъулияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ, таҳлили инкишофи бозорҳои асъори давлатҳои аъзо ва масъалаҳои дигар баррасӣ хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, баррасии Барномаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои солҳои 2013-2014 дар назар аст. Аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарори дахлдор қабул хоҳад шуд.

Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 15-уми феврали соли 2001 таъсис дода шуда, ҳамҳангсозии фаъолияти бонкҳои марказии иттиҳод дар масоили сиёсати пуливу қарзӣ, ташаккули қурб ва табдили асъори миллӣ, танзим ва назорати асъорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии он маҳсуб меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.