Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Олмон

Date:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Йоахим Гаук, президенти Олмон ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии ин кишвар барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳост.

Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунад, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт.

«Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо, ки дар айни замон омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод», – гуфта мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки соли 1990 қаламрави мутаалиқ ба Ҷумҳурии Демократии Олмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамроҳ шуда, дар майдони назди рейхстаг парчами давлатии ҶФО барафрохта шуд. Аз он замон санаи 3-юми сентябр дар Олмон ҳамчун иди миллӣ – Рӯзи ваҳдати олмониҳо ҷашн гирифта мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related