Мусодираи ҳудуди 8 кило ҳашиш дар пойтахт

Date:


Чанде қабл ба кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир муяссар гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 24-солаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Искандар Фармонбеков боздошт шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килову 820 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – гуфта мешавад дар иттилои интишорнамудаи ВКД ҶТ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...