Мусодираи ҳудуди 8 кило ҳашиш дар пойтахт

Чанде қабл ба кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир муяссар гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 24-солаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Искандар Фармонбеков боздошт шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килову 820 грамм маводи […]


Чанде қабл ба кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир муяссар гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 24-солаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Искандар Фармонбеков боздошт шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килову 820 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – гуфта мешавад дар иттилои интишорнамудаи ВКД ҶТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.