Даъвати президент аз мансабдорон ҷиҳати масъулият ба забони давлатӣ

Зимни суханронӣ дар Театри опера ва балет ба истиқболи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. «Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо […]


Зимни суханронӣ дар Театри опера ва балет ба истиқболи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

«Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад», – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри супоришҳои иҷрошудаи худ доир ба таҳияи Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифаҳои нав гузошт. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои нашри Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.

Сарвари давлат дар идомаи суханрониаш изҳор кард, ки пас аз қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» санаи 5-уми октябри соли 2009, барои мавриди амал қарор додани меъёру талаботи он ба 11 қонунҳои ҷумҳурӣ тағйироту илова ворид гардид.

Дар ин робита ӯ аз мансабдорони давлатӣ даъват ба амал овард, ки дар масъалаи ҳифзу омӯзиш ва эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ҳисси баланди масъулиятнокӣ зоҳир созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.