Беш аз 2 млн. $ баҳри ислоҳоти баҳисобгирӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон

Имрӯз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ва муовини роҳбари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Николя Гигас созишномаи грантиро ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳа аз дастгирӣ намудани талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии […]


Имрӯз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив ва муовини роҳбари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Николя Гигас созишномаи грантиро ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳа аз дастгирӣ намудани талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷорӣ намудани таҷрибаҳои шаффофи баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии буҷетӣ барои иҷрои буҷети давлатӣ иборат аст. Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ идора карда мешавад, тавассути гранти Фонди мақсаднок аз тарафи Котибот оид ба ҳамкории иқтисодии (SECO) Ҳукумати Швейтсария дар ҳаҷми 2,16 миллион долл. ИМА маблағгузорӣ мегардад.

Лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон ба дастгирии амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҳукумати ҶТ барои солҳои 2009-2018 равона шудааст. Бахусус лоиҳа Вазорати молияро дар ҷорӣ намудани сиёсати нави баҳисобгирӣ, яъне мутобиқкунӣ ва ҷорӣ намудани Ҳисоби ягонаи муҳосибавӣ ва Стандартҳои байналмиллалии муҳосибавӣ дар бахши давлатӣ дастгирӣ хоҳад намуд. Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳа чорабиниҳо оиди пурзӯр намудани иқтидори техникӣ ва институтсионалии шахсони мансабдори Вазорати молия, Хазинадорӣ ва соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ бо мақсади тартиб додани ҳисоботҳо дар асоси сиёсати нави баҳисобгирӣ пешбинӣ шудаанд.

«Баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии захираҳои давлатӣ асоси ҳамаи барномаҳои мо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, – қайд намуд Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. – Мо аз он хурсандем, ки дар якҷоягӣ бо ҳамшарикони Швейтсарии худ пиёда намудани ислоҳоти калидии идоракунии молиявиро дастгирӣ мекунем, то он ки маблағҳои маҳдуд ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мақсаднок истифода бурда шаванд».

Лоиҳаи ислоҳоти баҳисобгирӣ дар бахши давлатии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат дар талошҳо ва чорабиниҳое, ки дар доираи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҷдиди системаи идоракунии молияи давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ мегарданд, омода шудааст. Тибқи афзалиятҳои Стратегияи ИМД, Лоиҳаи таҷдиди системаи идоракунии молияи давлатӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани иқтидор дар омода ва иҷро кардани буҷет ҳамкорӣ намуда иқтидори Вазорати молияро дар соҳаи ТИ ва инфрасохтор баланд мебардорад ва дар ҷорӣ намудани Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии молиявӣ мусоидат мекунад.

Айни замон сандуқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳониро дар Тоҷикистон 14 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои холис дар ҳаҷми $236 миллион доллари ИМА ташкил медиҳанд. Ҳиссаи бузургтарини сандуқ ба бахши энергетика ва об (35 фоиз), баъдан ба кишоварзӣ ва рушди деҳот (31 фоиз), рушди инсон – маориф тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30 фоиз), сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ (4 фоиз) рост меояд. Ғайр аз ин, ба лоиҳаҳои пешбинишуда дастгирии минбаъдаи такмилдиҳии идоракунии андоз, амнияти озуқаворӣ ва тандурустӣ дохил мешавад.

Аз соли 1996 инҷониб, барномаҳои ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Тоҷикистон амалӣ гаштанд 85 лоиҳаро ба маблағи умумии тақрибан 700 млн. доллари ИМА дар бар мегиранд. Лоиҳаҳои мазкур ба нафъи мардуми кишвар хизмат карда ба такмилдиҳии системаи маориф, беҳтаршавии дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, васеъгардонии ҳуқуқҳои истифодаи замин, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот, беҳтаршавии муҳити соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.