Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯйи далели марги маҳкумшуда Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, айни замон мақомоти тафтишот сабаб ва ҳолатҳои марги маҳкумшударо мавриди таҳқиқ қарор дода, онҳо дар бораи шиносоӣ бо хулосаи ташхиси судиву тиббӣ дархост кардаанд ва ояндаи наздик онро дастрас хоҳанд кард.
Холматова мегӯяд, ният дорад, ба он муваффақ гардад, ки парвандаи ҷиноӣ на мутобиқи моддаи «Хунукназарӣ», балки нисбат ба шахсони мансабдор тибқи моддаи 143, дараҷ. 1 («Шиканҷа») боз гардад, зеро дар ҷисми ҳалокшуда осори шиканҷаву лату кӯб аён буданд.
Ба қавли ҳимоятгар, айни замон фарзияе рӯйи кор оврда мешавад, ки гӯё Ҳ.Икромзодаро маҳкумшудагони дигар азобу уқубат додаанд, вале ӯ ба ин фарзия комилан зид аст, чунки дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон ба истифодаи дарзмол ва дигар асбобҳои барқӣ ҳуқуқ надоранд.
Хешовандони маҳкушудаи фавтида низ бар ин назаранд, ки нисбат ба Ҳамза Икромзода аз «шиканҷаи бераҳмона» кор гирифта шуда, дар бадани ӯ ба таври возеҳ осори шиканҷаву лату кӯб аён буданд.
Наздикони маҳкумшуда мегӯянд, кормандони муассисаи ислоҳӣ мудом аз Ҳ.Икромзода ва хешовандонӣ ӯ маблағи пулӣ тамаъ мекардаанд, вале бори охир бинобар пардохт нагардидани маблағи пули талабнамудаи онҳо, Ҳ.Икромзода мавриди шиканҷаву лату кӯб қарор гирифтааст.





