Анҷоми ҳудуди 80%-и корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»

Date:


Дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ширкати русиягии Gazprom International ҳудуди 80%-и корҳои пармакуниро ба итмом расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва санати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чоҳ ба санаи 1-уми октябри соли равон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри нақшавӣ 4 ҳазору 919 метраш парма карда шудааст.

Интизор меравад, ки корҳои сохтмону пармакунӣ дар ин чоҳ аввали нимсолаи соли оянда ба анҷом мерасанд. Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои парпмакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон КМ «Сомон Ойл» (Тоҷикистону Швейтсария), Tethys Petroleum (Канада), КМ «Петролиум Суғд» (Тоҷикистону Австрия) ва ширкатҳои ватании ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», Ҷдмм «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶДММ «Ҳалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурималик» ва ҶДММ «Абадӣ» низ ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...