Раёсати Тоҷикистон дар Муҳовараи ҳамкории Осиё

Date:


Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар пойтахти Давлати Кувайт – шаҳри Кувайт ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиё (Asia Cooperation Dialogue) доир гашт, ки он то 17-уми октябр идома ёфта, дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур бо суханронии муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Кувайт Шайх Сабоҳ ал₋Холид ас₋Сабоҳ оғоз гардида, сипас ҳамоҳангсози кулли Муҳовараи ҳамкории Осиё – вазири корҳои хориҷии Таиланд Сурапонг Товичакчайкул ва ҳамраиси Муҳовара вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ суханронӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон раёсати Муҳовараи ҳамкории Осиё аз Кувайт ба Тоҷикистон мегузарад. Муҳовараи ҳамкории Осиё соли 2002 таъсис ёфтааст ва то имрӯз ба он 32 кишвари минтақа шомил шудаанд.

Саммити аввалин Муҳовара аз ҷониби Давлати Кувайт даъват шудааст ва аз 15 то 17 октябри 2012 дар шаҳри Кувайт доир мегардад. Дар ҷараёни он чорабинии сатҳи баланд дастовардҳои анҷумани мазкур тайи даҳ соли ахир, самту равиши ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзои Муҳовара, масъалаҳои таъсис додани котиботу механизмҳои кории он муҳокима мешаванд. Инчунин роҳбарони кишварҳои аъзои Муҳовара дар мавриди роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти озуқаворӣ, дастрасии энергия, маориф, муколамаи байнифарҳангӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи молия, коммуникатсия ва дигар мубодилаи афкор анҷом хоҳанд дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related