Боздошти 20 нафар хориҷиён барои қочоқи нашъа

Date:


Соли равон дар қаламрави Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 20 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, 10 нафар аз шаҳрвандони хориҷии боздоштшударо шаҳрвандони Афғонистон, 5 танро шаҳрвандони Эрон ва боз 5 нафари боқимондаро шаҳрвандони Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Украина ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 50 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ боздошт шуда, аз онҳо ҳудуди 980 кило маводи нашъаовар мусодира гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...