Баррасии Кодекси шаҳрсозӣ дар Шӯрои парлумон

Дата:


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 22 – юми октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки лоиҳаи Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян менамояд, инчунин муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим мекунад.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи туризм», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», масъалаҳо Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қисме аз масъалаҳои рӯзнома барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 24-уми октябр баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигар барои такмил ва хулосабарорӣ ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное