Баррасии Кодекси шаҳрсозӣ дар Шӯрои парлумон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 22 – юми октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки лоиҳаи Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва […]


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 22 – юми октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки лоиҳаи Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян менамояд, инчунин муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим мекунад.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи туризм», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», масъалаҳо Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қисме аз масъалаҳои рӯзнома барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 24-уми октябр баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигар барои такмил ва хулосабарорӣ ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.