Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба маҳсулоти кимиёвии Қазоқистон

Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тилои Тоҷикистон ба харидории сианиди натрияи истеҳсоли Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии миллии содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest», «Ширкати муттаҳидаи кимиёвӣ» (ба Бунёди некӯаҳволии миллии «Самрук-Қазин» шомил аст) бо ширкатҳои истихроҷи тилои «Зарафшон» ва «Апрелевка» дар хусуси таъмин намудани онҳо бо ин навъи маҳсулоти кимиёвӣ Ёддошти тафоҳум […]


Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тилои Тоҷикистон ба харидории сианиди натрияи истеҳсоли Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии миллии содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest», «Ширкати муттаҳидаи кимиёвӣ» (ба Бунёди некӯаҳволии миллии «Самрук-Қазин» шомил аст) бо ширкатҳои истихроҷи тилои «Зарафшон» ва «Апрелевка» дар хусуси таъмин намудани онҳо бо ин навъи маҳсулоти кимиёвӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, содироти маҳсулот аз Қазоқистон ахири соли 2014, бо мавриди истифода қарор гирифтани як корхона дар шаҳри Шуи вилояти Ҷамбул оғоз мегардад, ки иқтидори он истеҳсоли 25 ҳазор тонна сианиди натрий дар як солро ташкил хоҳад дод.

«Дар минтақаи мо сианиди натрий барои гирифтани тилову нуқра аз маъдан истифода мегардад ва бо назардошти дурнамои афзоиши истеҳсоли тило, ҳадафи мо дар ин марҳила имзои қарордодҳои дарозмуддат барои содирот аст», – изҳор доштаст яке аз роҳбарони ширкати Қазоқистон Асхат Омаров.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 30 адад конҳои тило мавҷуданд, ки тибқи пешгӯии коршиносон, дорои ҳудуди 450 тонна тилои коркарднашуда мебошанд. Соли 2011 дар Тоҷикистон беш аз 2,2 тонна тило ва 1,7 тонна нуқра истеҳсол шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.