«Созандагони Ватан» «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ»-ро маҳкум мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Маълумотномаи муҳоҷири корӣ» (Справочник трудового мигранта)-и дар Русия интишоршударо маҳкум мекунад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки расмҳои муҳоҷирони кории дар ин маълумотнома дар шакли асбобу лавозимоти сохтмон дарҷёфта таҳқир ба эҳсоси миллии муҳоҷирони […]


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Маълумотномаи муҳоҷири корӣ» (Справочник трудового мигранта)-и дар Русия интишоршударо маҳкум мекунад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки расмҳои муҳоҷирони кории дар ин маълумотнома дар шакли асбобу лавозимоти сохтмон дарҷёфта таҳқир ба эҳсоси миллии муҳоҷирони корӣ аст.

«Дар ниҳояти кор дар Русия бояд дарк намоянд, ки муҳоҷирони корӣ натанҳо барои худ, балки ба кишвари будубошашон низ манфиат меоранд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, ташкилоти «Созандагони Ватан» боисрор аз мақомоти дахлдори Русия дархост мекунад, ки оид ба мусодира ва нест кардани маълумотномаи мазкур чораҳои муассир биандешанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 175 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.