Кӯлоб: Интиқоли барқ ба аҳолӣ то 12 соат коҳиш ёфт

spot_imgspot_img

Дата:


Тайи солҳои ахир бори нахуст дар шаҳри Кӯлоб реҷаи шадиди истифодаи маҳдуди барқ барои аҳолӣ ҷорӣ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов хабар дод, то 1-уми ноябри соли ҷорӣ барқ ба манзилҳои зист 12 соат – 4 соат субҳ, 2 соат нимарӯзӣ ва 6 соат шом интиқол дода мешавад.

Ба қавли вай, шояд аз 1-уми ноябр реҷаи интиқоли барқ ба самти афзоиш ё коҳиш тағйир дода шавад. «То 25%-и нерӯи барқ барои кори низомӣ обтаъминкунӣ, қариб ҳамин миқдор барои иншооти муҳими таъмини ҳаёти шаҳр ва боқимонда барои эҳтиёҷоти аҳолӣ истифода мешавад», – изҳор кард номбурда ва илова намуд, ки ба маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб дар як шабонарӯз 11 соат нерӯи барқ интиқол мегардад.

Популярное

Похожие материалы