Маърӯзаи нахуствазир дар Ҳамоиши ҷаҳонии энергетикӣ

Date:


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар Ҳамоиши ҷаҳонии энергетикӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Дубай ба кор оғоз кард, иштирок дорад. Дар кори ҳамоиш беш аз 20 нафар сарони кишвару ҳукуматҳо, 40 нафар вазирони соҳавӣ ва зиёда аз 200 нафар роҳбарони ширкатҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Оқил Оқилов дар рӯзи аввали кори ҳамоиш маърӯза карда, ба ҳозирин дар бораи имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақшаҳои ҳукумати кишвар доир ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетика маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамоиши Дубай баҳри мусоидат ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба, табодули донишу таҷриба ва ташхисҳо миёни кишварҳо, ки ба пешбурд тавассути рушд ва дастрас гардидан ба энергияи тоза, бехатар ва устувор бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ манфиатдоранд, нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти СММ, ҳар як нафари панҷум дар сайёра ба нерӯи барқ дастрасӣ надошта, 2,7 млрд. нафар одамон ғизоро бо оташ аз чӯб тайёр мекунанд, ки бо ин амал ба солимии худ ва муҳити зист зиён меоранд.

Мутобиқи пешгӯии коршиносони байнулмилалӣ, муддати 25 соли наздик истеъмоли энергия дар ҷаҳон ба андозаи 70% зиёд хоҳад шуд.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...