С. Романов: Адвокат бояд бидуни монеъа ба маҳкумшуда дастрасӣ дошта бошад

Дата:


Ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Сергей Романов бар ин назаранд, ки иҷозати маҳкумшуда барои вохӯрӣ бо адвокат танҳо пас аз муроҷиати хаттии ӯ ба мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳӣ, ҳуқуқҳои маҳкумшуда ба муҳофизатро нодида гирифта, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ мутобиқ нестанд.

Чанде қабл дар ҷаласаи Суди конститутсионӣ муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқ оид ба ин масъала баррасӣ шуд.

Рӯзҳои 28-уми март ва 2-юми апрели соли равон ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Сергей Романов ба мақомоти раҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ бо дархост оид ба таъмини дидор бо зерҳимояҳои худ – маҳкумшудагон Орзухон Раҷабов ва Саидҷаъфар Мастоншоев муроҷиат намуданд.

«Дар посухи Сарраёсати мазкур зикр гардид, ки мувофиқи моддаи 91, қ. 5-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ, ба вохӯрии маҳкумшуда бо ҳимоятгарон танҳо дар сурати дархости маҳкумшуда иҷозат дода мешавад ва дар робита ба ин, иҷрои дархости шумо ғайриимкон аст», – гуфтанд ҳимоятгарон.

Дар робита ба ин ҳимоягарон оид ба таъиноти моддаи 91, қ. 5-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ нисбати мутобиқати он ба моддаҳои 21 ва 92-и Конститутсияи ҶТ ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданд.

Намояндаи ваколатдори президенти ҶТ дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоназаров бо далелҳои ҳимоятгарон розӣ нашуда изҳор кард, ки дидори адвокат бо маҳкумшуда бидуни муроҷиати хаттии маҳкумшуда риоя накардани ҳуқуқҳои ӯ маҳсуб меёбад.

Дар ҷаласа таъиноти суд содир гардида, мувофиқи он муқаррар карда шуд, ки меъёрҳои зикргардида дар қисми 5, моддаи 91-и Кодекси иҷрои ҷазои


ҷиноятии ҶТ пурра ба меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат мекунанд.  

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное