Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Финландия

Дата:


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳелсинки бо сарвазири Финландия Катайнен Юрки мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо президент, раиси парлумон ва ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар самтҳои афзалиятноки муайяншуда бояд густариш ёбад.

Сарвазири Финландия Катайнен Юрки бо назардошти мавқеи калидии ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи худ ва имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, таъкид дошт, ки Финландия ва ширкатҳои сершумори он ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ дар масири Шоҳроҳи Абрешим ҳавасманд аст.

Зимнан таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақа ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат карда, ба манфиати ҳамагон аст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное