Баррасии стратегияи зиддимухаддиротии СААД дар Бишкек

Date:


Дар ҷаласаи XII-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек як қатор қарорҳои марбут ба такмили фаъолияти муштараки ин ниҳодҳо қабул шуданд.

Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров намояндагӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар соли 2012 ва тамринҳои нахустини фавриву тактикии воҳидҳои махсус тахти унвони «Гром-2012» натиҷагирӣ шуда, масоили ҳамкорӣ дар бахши фаъолияти фавриву ҷустуҷӯӣ, табодули мутақобилаи маълумот, омодасозиии кадрҳо ва нақшаи фаъолият дар соли 2013 баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа ба баррасии стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои узви СААД ва баланд бардоштани самаранокии амалиёти минтақавии зиддимухаддиротии «Канал» таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои мутақобилаи Шӯро бо воҳидҳои марбутаи Созмони ҳамкории Шанхай, Гурӯҳи авруосиёии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм ва дигар саозмонҳои байнулмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД 23-юми июни соли 2005 таъсис дода шуд. Кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия узви СААД мебошанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...