Даъвати варзишгари маъруфи рус перомуни эҳёи спартакиадаҳо

Date:


Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина дар Душанбе қарор дошт.

Зимни боздид аз Тоҷикистон ҳайати вакилони Русия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҳамчунин бо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид карданд.

Дар вохӯрии мазкур варзишгари маъруфи рус изҳор кард, ки барои рушди бештар босуръати варзиш мебояд баргузории мусобиқоти спартакиадаҳои замони шӯравиро эҳё намуд.

Ӯ итминон дод, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба рушди варзиши кӯдакона дар кишварҳои пасошӯравӣ мусоидат хоҳад намуд. «Дар солҳои нахусти баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи варзиш начандон таваҷҷуҳе зоҳир мегардид, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекард, вале мо аз ҳам дур нашудаем. Дар тамоми мусобиқот мо мудом мухлисони ҳамдигарем», – иброз дошт Ирина Роднина.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...