HRW: Барҳам додани «Ампаро» зарбаест ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон

Date:


Дар изҳороти интишоргардидаи созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар «Human Rights Watch» (HRW) дар робита ба қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» гуфта мешавад, ин қарори суд бояд мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар бораи дастгирии озодии иттиҳодияҳо дубора бозбинӣ гардад.

HRW бар ин назар аст, ки қори суд мақсади сиёсӣ дорад, зеро АҲҶ «Ампаро» фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ намуда, чандин маротиба ба ҷой доштани ҳодисаҳои шиканҷаву таҳқир дар артиш ишора кардааст.  

«Як ҳафта пеш аз пешниҳоди даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд намояндаи ташкилоти «Ампаро» зимни суханронӣ дар яке аз семинарҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаи шиканҷа, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо созмон дода шуда буд, назди ҳозирин перомуни зарурати назорати маълумот дар бораи шиканҷа ва туҳмату таҳқир дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори назар карда буд», – баён мегардад дар изҳороти HRW. – Як моҳ қабл намояндагони «Ампаро» барои гузоришгари вижаи СММ Хуан Мендес, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, роҷеъ ба таҳқирҳо нисбат ба навдаъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ брифингро таъмин намуда буданд».

Директори HRW оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хю Уилямсон изҳор доштааст, ки ин парванда аз аввал тобиши сиёсӣ дошта, кӯшиши воқеии ҳукуматдорон баҳри хомӯш кардани касонест, ки рӯйи мушкилоти муҳим аз қабили шиканҷаву ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон кор мекунанд. «Ин як гомест ба қафо дар бахши дифоъ аз ҳуқуки инсон дар Тоҷикистон», – иброз доштааст вай.

Дар изҳороти HRW таъкид мегардад, ки АҲҶ «Ампаро» дар беҳбуди сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ миёни ҷавонон, бахусус даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ нақши муҳим дошта, аз мақомоти судӣ ва ҳукуматдорон даъват ба амал меоварад, ки мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар бораи озодии иттиҳодияҳо қарори худро фавран мавриди бозбинӣ қарор диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми октябри соли равон суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Раиси ташкилоти «Ампаро» Дилрабо Самадова зикр кард, ки ба адолатнокӣ ва мустақилияти низоми судӣ умедвор буд. «Мутаассифона, мо имрӯз ҳам ба вобаста будани низоми судӣ шоҳид гардидем. Вале мо таслим шуданӣ нестем ва фаъолиятамон дар соҳаи ҳимоят аз ҳуқуқро қатъ карданӣ нестем», – изҳор дошт номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...