Исфара: Таҳдиди кормандони милиса ба волидайни гумонбар ба баёноти бардурӯғ

Падару модари сокини Исфара, ки ба додани баёноти бардурӯғ гумонбар дониста мешавад, ба ҳимоятгар дар бораи амали ғайриқонунӣ ва таҳдиди кормандони милиса ба онҳо хабар доданд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанд рӯз қабл падару модари шоҳид Ш.А. дар парвандаи пурсарусадои куштори корманди […]


Падару модари сокини Исфара, ки ба додани баёноти бардурӯғ гумонбар дониста мешавад, ба ҳимоятгар дар бораи амали ғайриқонунӣ ва таҳдиди кормандони милиса ба онҳо хабар доданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанд рӯз қабл падару модари шоҳид Ш.А. дар парвандаи пурсарусадои куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Исфара ба ӯ хабар додаанд, ки онҳоро ба ШВКД Исфара-2, воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ дар робита ба масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати фарзандашон барои додани баёноти бардурӯғ даъват кардаанд.

«Ман бо онҳо вохӯрда, огоҳ гардидам, ки кормандони милиса ба онҳо таҳдид намуда, баргаштани фарзандашон аз Русия барои додани баёнотро талаб кардаанд. Гап сари он аст, ки рӯзи 7-уми марти соли 2011 суди вилояти Суғд 5 нафар сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро барои даст доштан дар куштори корманди комиссариати ҳарбӣ маҳкум намуда, ҳамчунин қарор кард, ки нисбат ба се нафар шоҳидон барои додани баёноти бардурӯғ чора андешида шавад, вале дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ ишора нарафта буд. Аммо имрӯз чун волидайнро бозпурсӣ ва баргаштани шоҳидро талаб мекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки нисбат ба се нафар шоҳидон барои дидаву дониста баёноти бардурӯғ додан парвандаи ҷиноӣ боз мегардад», – мегӯяд Воҳидова.

Дар робита ба истифодаи методҳои ғайриқонунӣ, таҳқир ва таҳдиду шиканҷа нисбати волидайни шоҳидон, ҳимоятгар изҳор намуд, ки чунин ҳолатҳо қаблан ҳам вуҷуд доштанд, вале чун дар Женева ҳисобот оид ба шиканҷа оғоз гардида, дар он прокурори генералии ҷумҳурӣ оид ба 5 парванда, аз ҷумла парвандаи дар боло зикршудаи 5 нафар сокинони Исфара ва 3 нафар шоҳидон низ гузориш медиҳад, пас тасмим гирифта шудааст, ки дар ин хусус ба мақомоти дахлдор пас аз гузориши прокурори генералӣ муроҷиат карда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон суди вилояти Суғд 4 нафар сокинони 22-сола ва як тан сокини 26-солаи деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро барои даст доштан дар куштори ёвари сардори мизи шиносномадиҳиву баҳисобгирии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳимоятгари маҳкумшудагон Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки зерҳимоягони ӯ бидуни ҳеҷ асосе боздошт ва маҳкум шудаанд. «Онҳо дар содир намудани ин ҷиноят даст надоранд, зеро ҳамааашон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод буда, барои ин ягон сабабе ҷой надошт», – изҳор дошта буд ӯ.

Ба қавли вай, дар ҷараёни мурофиаи судӣ се нафар шоҳидон баёнот дода, даст надоштани гумонбарон ба ин ҷиноятро гувоҳӣ доданд, вале суд онро ба инобат нагирифт.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса судшавандагон дар ҷойи дигар будаанд, лекин суд баёноти мазкурро ба инобат нагирифта, гузашта аз ин, аз прокуратураи шаҳри Исфара дархост намуд, ки нисбат ба се нафар шоҳидон, ки дидаву дониста баёноти бардурӯғ додаанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори шаҳри Исфара Иззатулло Муҳаммадиев хабар дод, дарвоқеъ ҳам нисбат ба онҳо аз ҷониби прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба қавли масъули тафтиши парвандаи мазкур, сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Исфара Назирҷон Абдураҳимов, нисбат ба сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара С.М., Ш.А. ва К.К. мутобиқи моддаи 351, қ. 2, б. «а»-и КҶ ҶТ (Гувоҳии бардурӯғ ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.