Мураббӣ: Мавзуна боксро тарк намекунад

Date:


Мирзо Шамсиев, мураббии дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон Мавзуна Чориева изҳор кард, ки пас аз се ҳафта шогирдаш ба тамрин оғоз мекунад.

Ба қавли вай, табиист, ки пас аз издивоҷи Мавзуна барнома ва нақшаи тамринҳо тағйир ёфта, машқҳо танҳо дар самти омодагии техникиву тактикӣ сурат хоҳанд гирифт.

«Ҳамсарон кӯдакро орзу доранд ва бигзор Худо мададгорашон бошад. Пас аз ба дунё омадани кӯдак тамринҳои Мавзуна то яксолагии тифл қатъ мегарданд. Сипас тамринҳои ҳамаҷониба шояд аз охири соли 2013 шурӯъ шаванд», – иброз дошт М.Шамсиев.

Мураббӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамсари М.Чориева низ қаблан ба бокс машғул буда, вале овозаҳои дар тамринҳо ҳамчун рақиб қувваозмоӣ кардани ӯ бо Мавзуна воқеият надоранд.

Ёдрас мекунем, ки дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева издивоҷ кард. Маросими ақди никоҳи ӯ рӯзи 27-уми октябр дар тарабхонаи «Анохита»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳамсари ӯ хатмкардаи факултаи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Амон Бобоев аст.

Мавзуна Чориева ваъда дода буд, ки дар Бозиҳои навбатии Олимпиада дар Бразилия соли 2016 барои дастаи Тоҷикистон медали тило ба даст хоҳад овард.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева изҳор карда буд, ки ба муддати як сол «варзишро тарк мегӯяд», зеро кӯдак ба дунё оварданӣ аст. «Ҳамсараму оилаашон муқобил нестанд, ки ман бо варзиш машғул бошам, вале ман тасмим гирифтам, ки пас аз ба дунё овардани тифл ба варзиш машғул хоҳам шуд ва ин ба омодагии ман халал намерасонад. Агар дар тақдирам гирифтани медали тило сабт шуда бошад, пас ман онро ба даст оварда, оилаам барои ин монеъа эҷод нахоҳад кард», – гуфт Мавзуна.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...