Директори генералии корхонаи «Ориён-Коттон», шаҳрванди 62-солаи Эрон Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббос ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, далели даст ба қаллобӣ задани номбурда рӯзи 18-уми октябр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст.
«Муайян гардид, ки ӯ тӯли ду соли ахир аз ташкилотҳои гуногун барои харидани нахи пахта беш аз 3 млн. сомонӣ гирифта, онро азхуд ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ масраф намудааст», – гуфтанд дар ВКД.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



