Шуъба оид ба садамаҳои нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шахсияти гунаҳкор дар садамаи нақлиёт, ки бар асари он журналист Искандари Фирӯз осеб дид, муайян кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Саидбек Фозилов, ҳимоятгари журналист иттилоъ дод, ин шахс сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Шарифов Раҳматуллои 33-сола будааст, ки бо ваколатнома автомашинаи «Ландкрузер»-и мутаалиқ ба Айёмиддин Раҳмиддинзодаро идора мекардааст.
Ба эътиқоди ҳимоятгар, дар ин маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иштибоҳи дағалона роҳ додаанд, зеро тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ, қабл аз оғози парвандаи ҷиноӣ муайян кардани шахсияти гумонбаршуда зарур аст. «Акнун мо дар ташвишем, ки дар натиҷаи ин иштибоҳ шояд зимни тафтиш мушкилоте пеш ояд, аз ин рӯ, ба гурӯҳи тафтишотӣ дархост фиристоданием, то ки онҳо айбдоршавандаро дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд», – гуфт ӯ.
Ҳимоягари журналист аз оғози парвандаи ҷиноӣ танҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ ( Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ба парвандаи ҷиноӣ бояд моддаи 127 (Дар хатар монондан) низ ҳамроҳ гардад, зеро гунаҳкори садама аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, журналисти осебдида ва писари ӯро дар ҳолат вазнини бидуни кӯмак гузошт.
«Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ронандаи автомашинаи «Ланд-крузер» аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст. Муддати ним соат онҳо кӯшиш кардаанд, ки дарҳои басташудаи автомашинаро боз намуда, журналистро аз он бурун оранд ва муддати зиёде автомашинае пайдо накардаанд, ки ӯ ва писарашро ба бемористони наздиктарин мунтақил созанд. Аз ин рӯ, ин парванда бояд натанҳо мутобиқи моддаи 212, балки мутобиқи моддаи 127-и КҶ ҶТ низ баррасӣ шавад», – изҳор кард ҳимоятгар.
Дар ҳамин ҳол, вазъи хабарнигори бахши форси Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҳамоно хеле вазнин арзёбӣ мешавад. Табибони журналист дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор карданд, ки дар як шабонарӯз ӯро ба муддати чанд соате аз дастгоҳи сунъии ҳавософкуни шуш ҷудо мекунанд ва бемор ба нафаскашии мустақилона кӯшиш менамояд. «Аммо мо дарҳол дастгоҳро комилан ҷудо карда наметавонем, зеро бемор ҳоло заиф буда, вале баҳри ҳаёт муббориза мебарад», – гуфтанд табибони Маркази миллии тиббӣ.



