Дар ҷараёни амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 39-солаи шаҳр А.М.-ро бозлошт намуда, аз ӯ 59,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд.
«Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иловагӣ дар шаҳри Чкаловск ҳаммаслаки ӯ – сокини 41-солаи вилояти Хатлон М.С. низ боздошт гардида, аз ӯ 30,5 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 90 килоро ташкил дод», – гуфтанд дар раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 365 килову 537 грамм маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳнда ба 489 килову 627 грамм баробар буд.
Аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда дар соли равон 92 килояшро героин, беш аз 165 килояшро ҳашиш ва зиёда аз 24 килояшро афюн ташкил медиҳад.





