Мусодираи 90 кило маводи мухаддир дар Суғд

Дар ҷараёни амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 39-солаи […]

Мавлуда Рафиева


Дар ҷараёни амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 39-солаи шаҳр А.М.-ро бозлошт намуда, аз ӯ 59,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд.

«Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иловагӣ дар шаҳри Чкаловск ҳаммаслаки ӯ – сокини 41-солаи вилояти Хатлон М.С. низ боздошт гардида, аз ӯ 30,5 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 90 килоро ташкил дод», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 365 килову 537 грамм маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳнда ба 489 килову 627 грамм баробар буд.

Аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда дар соли равон 92 килояшро героин, беш аз 165 килояшро ҳашиш ва зиёда аз 24 килояшро афюн ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.