Афзоиши истихроҷи тилову коҳиши истихроҷи нуқра дар КМ «Зарафшон»

Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳаҷми истихроҷи тилоро афзуда, ҳаҷми истихроҷи нуқраро ба таври начандон назаррас коҳиш медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин Бобохон Бобохонов иттилоъ дод, соли равон дар корхона истихроҷи 1 ҳазору 610 кило тило дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта 181 кило зиёд аст. Ба қавли […]

Заррина Эргашева


Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳаҷми истихроҷи тилоро афзуда, ҳаҷми истихроҷи нуқраро ба таври начандон назаррас коҳиш медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин Бобохон Бобохонов иттилоъ дод, соли равон дар корхона истихроҷи 1 ҳазору 610 кило тило дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта 181 кило зиёд аст.

Ба қавли вай, имсол дар корхона нисбат ба соли гузашта 30 кило камтар нуқра исеҳсол карда мешавад. Соли гузашта дар корхона 243 кило нуқра истеҳсол гардида буд.

«Коҳиши ҳаҷми истихроҷи нуқра ба он вобаста аст, ки дар кони асосии истихроҷи «Ҷилав» нуқра дар таркиби маъдан хеле паст аст», – гуфт Бобохонов.

Бино ба маълумоти Бобохонов, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар корхона 1 ҳазору 65 кило тило ва 161 кило нуқра истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 баҳри таҷдиду азнавсозии корхона аз ҷониби ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин 144 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо шуда, он барои афзудани иқтидори истеҳсолии корхона шароити мусоид фароҳам овард. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.